Хабарҳо

АВВАЛИН ҚАТОРИ РОҲИ ОҲАН АЗ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРИ ВОЛГОГРАДИ РУСИЯ РАСИД

Аввалин қатори мусофиркаш дар якуним соли охир аз Тоҷикистон ба Русия расид. Қаторе, ки рӯзи 16 август аз шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ба роҳ баромада буд, соати дуи шаби 19 август ба вокзали роҳи оҳани Волгоград-1 расид. Ин аввалин қаторест, ки баъди барқарор шудани иртиботи байни Русияву Тоҷикстон тавассути қаторҳои мусофиркаш, ки аз моҳи марти соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, аз Тоҷикистон ба Русия расидааст. Аз хадамоти матбуоти идораи роҳҳои оҳани минтақаи Приволжеи Русия ба хабаргузории русии ТАСС гуфтанд,ки » шаби 19 август, соати 02:08 ба вақти Маскав аввалин поезд аз шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ба Волгоград расид. Интизор меравад, ки ин қатор аз Волгоград ҳамин рӯзи 19 август, соати 12:09 ба қасди Тоҷикистон ба роҳ барояд ва рӯзи 22 август, соати 16:45 ба Кӯлоб бирасад».

Ин қатор ҳанӯз 16 август аз Кӯлоб ба роҳ баромада, аввал аз вокзали Душанбе мусофирони боқимондаро савор кард ва шоми 16 август бо беш аз 600 мусофир аз Душанбе роҳии Волгоград шуд. Дар вокзали Душанбе гуфта буданд, ки ҳамаи чиптаҳо ба қатори нахустин ба Русия фурӯхта шуданд. Нархи сафар дар вагони платскарт 1410 сомонӣ (наздики 140 доллар) муқаррар шудааст. Нархи купе каме бештар аст – ҳудуди 2 ҳазор сомонӣ (қариб 200 доллар).Тибқи тавофуқи байни ду кишвар, аз 16 август ҳаракати қаторҳои мусофиркаш дар хатсайри Кӯлоб – Волгоград, аз 27 август дар хатсайри Душанбе – Волгоград ва аз 7 сентябр дар хатсайри Хуҷанд- Волгоград ба роҳ монда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button