Нуқтаи назарТОҶИКИСТОНХабарҳоХабарҳоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҷавон шиноси модарашро аз рашк кордборон карда кушт?

Ғафуров: Куштори “шинос”-и модар дар пайи рашк

Тиллоев Ҷонишер Алишерович, сокини 24 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 28-уми июл аз ҳисси рашку адоват шиноси модарашро кордборон карда кушт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд Тиллоев ошнои модараш-Рустам Очилови 41-соларо санаи 28-уми июл, тахмин соати 11:-30 дақиқаи рӯзона бо корди хоҷагӣ задааст. Аз рӯи нақли масъулин ин ҳодисаи хунин дар назди бинои маъмурии шаҳраки Ғафурови ноҳияи Ғафуров рух додааст. Байни Рустам ва Ҷонишер аввал ҷанги лафзӣ хеста, баъдан кор ба кордкашию хунрезӣ расидааст.

Ҷавон модарашро бо марди шиносаш дар назди бинои зикршуда дида, аз ҳисси рашку бадбинӣ ба гардан ва дигар узвҳои Очилов мезанад, ки дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ номбурда то беморхона нарасида дар роҳ ба ҳалокат мерасад.

Фарзона Муродӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button