Хабарҳо

ПУТИН ДИПЛОМАТИ ФОРСИДОНРО САФИРИ НАВИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН ТАЪЙИН КАРД

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 16 августи соли 2022 бо судури ду фармон сафири кишвараш дар Тоҷикистонро иваз кард. Дар ин мақом баъди 9 соли скораш дар Душанбе Игор Лякина-Фроловро, ки аз соли 2013 сафири Русия дар Тоҷикистон буд, Семён Григорев иваз мекунад. Семён Григорев, ки 62 сол дошта, соли 1960 дар Маскав ба дунё омадааст ва МГИМО – донишкадаи муътабари равобити байналмилалиро хатм кардааст, бино ба тарҷумаи ҳоли расмиаш, ба чанд забон, аз ҷумла ба англисӣ, форсию дарӣ ва пашту балад буда, озодона суҳбат мекардааст. Григорев алакай таҷрибаи кор дар Тоҷикистонро дорад – дар авоили аср, дар солҳои 2000-2001 ӯ ба ҳайси мушовири сиёсӣ дар дафтари САҲА дар Душанбе кор кардааст.

Игор Лякин-Фролов, ки рӯзи 10 сентябри соли ҷорӣ ба синни 74 мерасад, ба эҳтимоли ғолиб, бо тарки мақомаш дар Тоҷикистон, ба нафақа гуселонида хоҳад шуд.

Ба фарқ аз дипломатҳои ғарбӣ, ки дар пайи таъйиноташон ба Тоҷикистон, кӯшиш мекунанд, то забони тоҷикиро ёд бигиранд ва бо мардум ва ҳатто дар ҷаласаҳои расмӣ бо забони тоҷикӣ суҳбат кунанд, дипломатҳои рус дар Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки ба забони русӣ ҳарф зананд ва ба омӯхтани забони тоҷикӣ алоқаи чандоне нишон намедиҳанд. Ҳатто Максим Пешков, сафири собиқи Русия дар Душанбе, ки форсиро хуб медонист, кӯшиш мекард, ки дар ҳама ҷо ба русӣ суҳбат кунад. Ҳоло бубинем, ки оё Семён Григорев ин стереотипро метавонад бишаканад ё ӯ ҳам дар Тоҷикистон ба забони русӣ тарҳеҷ хоҳад дод?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button