Хабарҳо

ДАРГУЗАШТИ ОЛИМИ ШИНОХТАИ ТОҶИК АКАДЕМИК ФОЗИЛ ТОҲИРОВ ДАР СИННИ 83

Ҳуқуқшиноси тоҷик, академияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фозил Тоҳиров рӯзи 16 августи соли 2022 дар синни 83 аз олам чашм пӯшид. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар як номаи таслият ба наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ карда, барояшон сабри ҷамил хостааст. Раёсати Академия гуфт, “академик Фозил Тоҳиров пас аз бемории тӯлонӣ олами фониро падруд гуфт”. Дар бораи аз чӣ беморие ранҷ бурдани донишманди шинохта чизе гуфта нашудааст.

Фозил Тоҳиров соли 1939 дар Конибодом ба дунё омада, соли 1966 риштаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлати Тоҷикистонро хатм карда, 30 сол дар ҳамин донишгоҳ ва баъдан, аз соли 1995 солҳои зиёде дар Академияи илмҳо кор кардааст. Фозил Тоҳиров ҳанӯз соли 1988 соҳиби унвони доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва соли 1990 сазовори унвони профессор шуда, соли 2008 академик, ё узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб шуд. Фозил Тоҳиров солҳои 1990—1995 ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1995−2006 саркотиби илмии Академияи илмҳо ва аз соли 2006 мудири Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ ва баъдан раиси Ҷамъияти «Дониш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Даргузашти академик Фозил Тоҳировро бисёриҳо талафоти бузург барои илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон унвон мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button