Хабарҳо

АЗ МАЗОРИ СУЛТОН УВАЙСИ ҚАРАНӢ ДАР НАМАНГОН ЯК КИТОБИ ҚАДИМАИ “ҚУРЪОН”-РО ДУЗДИДААНД

Раёсати корҳои дохилии вилояти Намангони Ӯзбекистон хабар дод, ки шаби 9 ба 10 августи соли 2022 аз мазори Султон Увайси Қаранӣ дар деҳаи Балиқликӯли ноҳияи Чортоқ як нусхаи дастнависи “Қуръон”–ро, ки қариб 150 сол қабл — соли 1874 — китобат шудааст, дуздидаанд. Ба гуфтаи пулис, ин ҳодиса тахминан соати дувоздаҳи шаб рӯй дода, дуздон, ки дастикам ду нафар буданд, ба самти номаълум ғайб задаанд.

Ин нусхаи “Қуръон” аз абрешим тайёр карда шуда, аз 426 саҳифа иборат аст. Дар ҳар саҳифаи он 13 оят ҷой дода шуда, китоб 74 сантиметр баландӣ, 51 сантиметр бар, 12 сантиметр ғафсӣ ва 21,5 кило вазн доштааст.

Мазори Султон Увайси Қаранӣ дар деҳаи Балиқликӯли ноҳияи Чортоқ аз оромгоҳи ин марди валӣ, як масҷид барои 1200 намозгузор, китобхона ва назрхона ибора буда, як макони барои мусалмонон муқаддас ба шумор меравад ва ба инҷо аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ барои зиёрат зиёд меоянд. Султон Увайси Қаранӣ, бино ба ривоятҳо, зодаи Яман буда, дар замони Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) зиндагӣ кардаанд ва дар паҳн кардани дини Ислом хидматҳои бузург кардааст. Бовар меравад, ки Султон Увайси Қаранӣ барои таблиғи дини Ислом ба қаламрави Ӯзбекистони кунунӣ омада, дар ҳаминҷо хок шуда бошад.

Вале чунин мазорҳои ин марди валӣ дар чандин кишвари дунё мавҷуд аст. Аз ҷумла дар Сурия, Туркия, Қазоқистон, Тоҷикистон. Дар Ӯзбекистон бошад ду мазори Султон Увайси Қаранӣ мавҷуд будааст: яке аз дар Қароқалпоқистон ва якеи дигар дар Чортоқи Намангон. Дар Тоҷикистон мазори Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг ҷойгир шуда, соли 2006 бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон тармиму бозсоӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳояш ба Ховалинг ҳамеша аз ин мазор зиёрат мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button