Хабарҳо

ДЕПОРТАТСИЯИ ПАДАРИ 8 КӮДАК АЗ РУСИЯ БАЪДИ ПУШТИБОНАШ АЗ ДУ МУҲОҶИРИ ГУНГИ ТОҶИК

Моҳи гузашта ҳамаи дар Интернет видеоҳо аз Волгоград дар бораи зулму тааддии роҳбари ҷамъияти тоҷикони ин минтақаи Русия Саидаҳмад Маҳмадов ба шок овард. Дар он видеоҳо муҳоҷирон, аз ҷумла ду ҷавони гунг шикоят доштанд, ки роҳбари диаспора онҳоро бераҳмона латтукӯбу таҳқир мекунад ва мисли ғулом чанд моҳ кор фармуда, пули корашонро намедиҳад. Ҳама баъди тамошои он шикоятҳо талаб доштанд, ки раҳбари диаспораи тоҷикон барои он, ки ба ҷои ҳимоят аз ҳаққи ҳамватанони худ нисбат ба онҳо ситамро раво дидааст, ҷазо дода шавад.

Вале маълум мешавад, ки на Саидаҳмад Маҳмадов, балки онҳоеро ҷазо додаанд, ки аз он муҳоҷирони бечора ҳимоят карданд. Аз ҷумла Маҳмадризо Бӯриев, падари 8 фарзанд (!!!), ки аз он ду ҷавони гунг пуштибонӣ кард, ба дафтари диаспораи тоҷикон дар Волгоград барои “разбор” даъват шуда, онҷо аз тарафи одамони Маҳмадов латтукӯб шуд ва ба дунбол, ӯро бо қарори додгоҳ аз Русия депортатсия карда, то соли 2045(!!!) “запрет” заданд, яъне аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд. Анна Бӯриева, зодаи Волгоград, ки аз ин шавҳари тоҷикаш 8 фарзанд ба дунё овардааст, ба нашрияи маҳаллии “Блокнот-Волгоград” нақл кард, ки мақомот ошкор накарданд, ки барои чӣ шавҳари ӯро барои 23 сол аз ҳаққи омадан ба Русия маҳрум карда, 8 фарзанди ӯро амалан ба муҳлати 23 сол зиндаятим карданд? Анна гуфт, додгоҳ тақдири шавҳарашро дар байни ҳамагӣ 5 дақиқа ҳал кард ва онҳоро ҳатто имкони ҳарф задан надод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button