ТОҶИКИСТОН

ГЕНЕРАЛ МУҲИДДИНОВ: МАҲВИ “ҲАЗРАТИ РИЗВОН” КОРИ ОСОН НАБУД…

Генерал-майори мустаъфӣ Эркин Муҳиддинов рӯзи 14 августи соли 2022 ба синни 78 расид. Генерал Муҳиддин яке аз роҳбарони амалиёти маҳви Ризвон Содиров, мулаққаб ба “Ҳазрати Ризвон”, сарфармондеҳи собиқи нирӯҳои мухолифин дар канори Душанбе буд.

Ӯ дар як мусоҳибааш бо Одили Нозир аз ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бархе ҷузъиёти он амалиёти вижаро нақл кард ва аз ҷумла гуфт: “ Дастгир кардани Ризвон кори сода набуд,зеро ӯ аз тактикаи Аҳмадшоҳи Масъуд истифода мекард ва ҷояшро зуд-зуд иваз менамуд. Мо ибтидо макони эҳтимолии Ризвонро омӯхтем. Дар кӯчаи Ашрафӣ ҳамсари 16-солаи Ризвон бо модараш мезист. Мо тахмин кардем, ки ӯ онҷост. Тахминамон хато набаромад. Аз ҳавлии ҳамсоя ду нафар силоҳбадастони Ризвонро боздоштем. Аммо онҳо будани Ризвонро дар хона рад мекарданд. Зимни бозпурсӣ зани Ризвон гуфт,ки ӯро се рӯз қабл тарафдоронаш ба Ваҳдат бурданд, модараш мегуфт, ки ду рӯз шуд дар хона нест. Муҳофизонаш бошанд, маълумоти дигар доданд. Ин алакай маънои онро дошт,ки Ризвон дар ҳамин хона аст. Мо хонаро кофтем, гӯё ӯро замин кашида буд. «Хонаро тарконед”- бо ваҷоҳати ҷиддӣ, аммо барои санҷиш фармон додам. «Хонаро натарконед, ин хонаи ман аст. Ризвон ин ҷо нест”, — бетоқат шуд зан. Дастур додем, ки фарши хонаро кананд. Дар зери мебел туннел диққати моро ҷалб кард. Бо мошинҳои мсӯхторхомӯшкунӣ ба он ғор оби бисёре равон кардем. Аз он ҷо сарусадое берун наомад. Об ҳам бенишон гум мешуд.Тахмин кардем, ки Ризвон он ҷост. Дохил шудан хатарнок буд. Граната партофтем. Баъдан кормандони мо ворид шуданд. Дар дохил ба ду тараф нақб канда шуда буд. Дар яке аз нақбҳо силоҳу маводи таркандаи зиёде ва мина мехобид. Дар охири нақб, зери кунда, Ризвони мурда мехобид. Ҷисми беҷони ӯро берун кашидем. Он абгор шуда буд…

Ҳамин тавр, «салтанати” Ризвони ҷоҳил ба охир расид…”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button