Фарҳанг

ДАРГУЗАШТИ АДИБИ ШИНОХТА ВА ВАЗИРИ СОБИҚИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН НУР ТАБАР

Адиб ва драматурги маъруф ва вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон Нур Табар (Нурмуҳаммад Табаров) шаби 14 августи соли 2022 дар синни 81 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук духтари ӯ Дилбар Табарова хабар дод. “Эй дӯстон, падарамро аз даст додам”, — навиштааст Дилбар Табарова.

Ӯ дар бораи иллати марги падараш чизе нагуфтааст. Вале наздикони дигари Нур Табаров ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки устод Нур Табар чанд вақт боз бемори сахт буд.

Маросими видоъ ва намози ҷанозаи Нур Табар, қарор аст, рӯзи душанбе, 15 август доир шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button