ИқтисодМУҲОҶИРОН

Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо шароити нигаҳдории муҳоҷирон дар Боздоштгоҳи мувақатии «Сахарово» шинос шуданд.

Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо шароити нигаҳдории муҳоҷирон дар Боздоштгоҳи мувақатии «Сахарово» шинос шуданд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар як хабаре гуфт, ки як дипломати тоҷик рӯзи 10-уми август зимни боздид аз маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар деҳаи Сахаровои вилояти Маскав бо муҳоҷирони тоҷик дидору мулоқот кардааст.

Дар хабарномаи сафорати Тоҷикистон гуфта нашудааст, ки дар ин марказ чӣ теъдод муҳоҷирон нигаҳдорӣ мешавад, аммо таъкид шудааст, ки масъули сафорат зимни боздид аз шароити муҳоҷирон бо муовини сардори боздоштгоҳи муваққатӣ Сергей Полежаев масъалаи интиқоли ҳарчи зудтари муҳоҷирон ба Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Дар маркази «Сахарово» маъмулан он гурӯҳи шаҳрвандони хориҷӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки бо далели нақзи муқаррароти будубош ё қонунҳои маъмурӣ бояд ба ватан ихроҷ ё депортатсия шаванд. Ҳолатҳое, ки чунин қарорҳо ноодилона содир мешаванд, кам нест.

Дар хабари расмӣ ҷузъиёти дидору гуфтугӯҳои дипломатҳо ва муҳоҷирон нашр намешавад.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Бисёри муҳоҷирон аз боздоштҳои бесабабу шароити номуносиби нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳу марказҳои муваққатӣ шикоят мекунанд. Мақомоти тоҷикро ҳам борҳо барои таваҷҷуҳи зарурӣ накардан ба муҳоҷирон дар Русия танқид кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button