Хабарҳо

ҲАМАГӢ 27 СОЛ ДОШТ… ДАРГУЗАШТИ МУДИРИ КУЛЛИ “АВТОРАДИО” ФАРИДУН ХАЙРУЛЛОЗОДА

Фаридун Хайруллозода, журналисти ҷавони тоҷик ва мудири кулли шабакаи радиоии “Авторадио Тоҷикистон” субҳи 12 август дар синни 27 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстону ҳамкорони Фаридун хабар доданд. Дар бораи иллати марги ӯ дар чунин синни ҷавон чизе гуфта нашудааст. Чанде аз дӯстону ҳамкорони Фаридун хабар додаанд, ки ҳамагӣ чанд соат пеш аз маргаш, шоми 11 август ӯ дар эфир буд ва дар “Авторадио” барнома мебурд.

“Бо ҳамон шӯру ҳаяҷони ҳамешагие, ки дошт, барномаро пеш мебурд ва ягон аломате дида намешуд, ки мариз аст. Касе гумон ҳам намебурд, ки баъди чанд соат хабари маргаш ҳамаи моро ғарқи мотам мекунад”, гуфт дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” яке аз дӯстони Фаридун.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button