Хабарҳо

ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ЯК КӮДАКИ 12-СОЛА ҲАНГОМИ ОББОЗӢ ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ҳалокати боз як кӯдак ҳангоми оббозӣ хабар дод. Гуфта мешавад, нимаи дуюми рӯзи 9 августи соли 2022, тахминан соати 17:00, ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зада, хабар додаанд, ки сокини 12-солаи деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар канал ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва беназорат мондан аз ҷониби волидон ғарқ шудааст. Барои ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак кормандони шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Данғара ба ҷои ҳодиса сафарбар шудаанд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ бо кумаки сокинон соати 17:30 ҷасади кӯдакро 10 метр пойинтар аз ҷои ғарқ шуданаш, пайдо карда, ба волидонаш супурдаанд. Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи 7 моҳи соли 2022 дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай 123 нафар, аз ҷумла 64 ноболиғи синнашон то 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 кӯдак ғарқ шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button