Хабарҳо

ЯК ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ БАРОИ ЯК ҶАРИМА ИҶОЗАТ НАДОДААНД, КИ БА ВАТАН БАРГАРДАД

Дар фурудгоҳи “Толмачёво”–и шаҳри Новосибирски Русия ба як шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон ба сабаби напардохтани 7 ҳазор рубл ҷарима иҷозат надодаанд, ки ба Тоҷикистон сафар кунад. Хадамоти приставҳои вилояти Новосибирск гуфт, баъди он ки ин муҳоҷири тоҷикро аз дами дари ҳавопаймо пас гардонданд, ӯ ҷомадонаш дар даст аз фурудгоҳ рост ба идораи онҳо омад.

Дар инҷо ба ӯ фаҳмондаанл, ки қаблан додгоҳ хро бар асоси қисми дуюми моддаи 322 Кодекси ҷиноятии Русия барои убури ғайриқонунии марзи Русия ба маблағи 7 ҳазор рубл ҷарима баста буд. Вале азбаски ӯ аз ихтиёран супурдани маблағи ҷарима то ҳол саркашӣ мекард ва аз приставҳо низ мегурехт, номашро ба рӯйхатти ашхоси мамнӯъулхуруҷ ворид кардаанд. Бино ба нақли ин ниҳод, шаҳрванди Тоҷикистон вақте фаҳмид, ки ӯро барои ҳамагӣ 7 ҳазор рубл иҷозати хуруҷ аз Русия надодаанд, сахт ба ҳайрат афтод. Ӯ гуфт, фикр мекард, ки ин ҷарима аз ёди ҳама баромадааст. Муҳоҷири тоҷик дар ҷояш пули ҷаримаро супурд ва приставҳо баъди ин номи ӯро аз рӯйхатти сиёҳи шахсони мамнӯъулхуруҷ бароварданд. Ин муҳоҷири тоҷик акнун метавонад ба Тоҷикистон сафар кунад, вале маълум нест, ки оё ба Русия баргашта метавонад ё на? Барои убури ғайриқонунии марз номи ӯро метавонанд ба рӯйхатти сиёҳи шахсони мамнӯъулвуруд ворид карда, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button