Хабарҳо
БОЗДОШТИ ҶАВОНЗАН ДАР НОРАК ВА ЯК НАВРАС ДАР ҶАЙҲУН БАРОИ ДУЗДӢ

Ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Норак ба дуздии 5 ҳазор сомонӣ, 3 ҳазор рубли русӣ ва 3 ангуштарини тилло аз хонаи як зани 49-солаи сокини Норак гумонбар мешавад.
хххххххххххххххх
Сокини 30-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки соли 2021 бо роҳи фиреб мошини тамғаи «Хендай Элантра»-и як сокини пойтахтро 27 ҳазор доллар савдо карда гирифту он мошинро ба дигар шахс фурӯхт, вале пули соҳиби мошинро то ҳол надодааст.
хххххххххххххххххх
Навраси 17-сола аз ноҳияи Ҷайҳун ба он гумонбар мешавад, ки моҳи июл дар назди бозорчаи “Гипрозем” аз дохили мошини тамғаи “Фолксваген” 11 ҳазору 810 сомониро дуздидааст.