Хабарҳо

КОРМАНДИ МБТИ ҲИСОР БА ГИРИФТАНИ 13 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 8 августи соли 2022 хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии Маҳмуд Саидов, корманди муассисаи фаръии давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (собиқ МБТИ) дар шаҳри Ҳисорро анҷом дода, ин парвандаро бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.

Маркази матбуоти агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт, “Саидов Маҳмуд Ҷамахонович дар вазифаи мутахассиси раёсати баруйхатгирии техникии корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш аз шаҳрвандон “А” ва “Б” барои тайёр карда додани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қитъаи замин маблағи 13.000 сомонӣ гирифта, аз ин маблағ 12 ҳазору 426 сомониашро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button