Хабарҳо

АЗ ҶАНГИ УКРАИНА ЗИНДА ОМАДУ… МАРГИ ФОҶИАВИИ ЯК АФСАРИ ТОҶИКИ АРТИШИ РУСИЯ

Бино ба иттилои нашрияҳои маҳаллӣ, субҳи 6 августи соли 2022, соати 8:20 дар шоҳроҳи федералии Р 255 “Сибир” дар наздикии шаҳраки Железнодорожнийи ноҳияи Усолское дар вилояти Иркутски Русия ронандаи 28 солаи мошини тамғаи “Тойота Королла”, ки ба сӯи Иркутск ҳаракат мекард, ба мошини “Киа Рио”, ки аз самти муқобил меомад, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда ва мусофири “Киа” дар ҷои ҳодиса ҷон додаанд. Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар ин садма Меҳрубон Амонов, зодаи Конибодом ва холаи ӯ Нигина Шаропова ҳалок шудаанд. Меҳрубон Амонов ҳамагӣ 22 сол дошта, афсари артиши Русия буд ва тоза аз ҷанги Украина ба рухсатӣ омада будааст. Ҷамъияти тоҷикони Иркутск золо дар пайи ба Ватан фиристодани ҷанозаҳои ин ҷавони тоҷик ва холаи ӯст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button