Хабарҳо

ДОНИШҶӮИ ТОҶИК БА ХОТИРИ АЗ ДАРС НАМОНДАН МАРЗРО ҒАЙРИҚОНУНӢ УБУР КАРДААСТ

Додгоҳи ноҳияи 1-уми майи шаҳри Бишкек донишҷӯи тоҷикистонии шуъбаи духтури дандон ё стоматологияи риштаи тиббии Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия ба номи Борис Елтсинро бар асоси моддаи 378 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон дар убури ғайриқонунии марзи ин кишвар гунаҳкор шинохта, ба маблағи 80 ҳазор соми қирғизӣ (ҳудуди 1000 доллар) ҷарима бастааст. Манбаи ин хабар – хабаргузории СВОДКА АКИПРЕСС — хабар дод, ки бо қарори додгоҳ, ин донишҷӯи тоҷик, ки ӯро шартан Икром ном бурдаанд, бояд баъди пардохти ҷарима аз қаламрави Қирғизистон ихроҷ карда шавад.

Икром дар додгоҳ ба гуноҳи худ пурра иқрор шуд, вале гуфт, ба сабаби муноқишаҳо дар марзи ду кишвар натавонист барои идомаи таҳсил бо роҳҳои қонунӣ ба Қирғизистон ворид шавад ва азбаски ин соли охирини таҳсилаш буд, танҳо ба хотири анҷоми таҳсил маҷбур шуд, ки қонунро бишиканад ва ғайриқонунӣ марзро гузашта, худро ба дарсҳояш бирасонад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button