Хабарҳо

РАФТОРИ ЯК МУСОФИР САБАБИ МАҶБУРАН ДАР САМАРА НИШАСТАНИ ҲАВОПАЙМОИ МАСКАВ – КӮЛОБ ШУДААСТ

Ҳавопаймои ширкати русии ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”, ки аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ба самти Кӯлоби Тоҷикистон парвоз мекард, ба далели рафтори як мусофираш маҷбур шудааст, ки дар ними роҳ дар фурудгоҳи Курумочи шаҳри Самара фуруд биояд. Телеграм-канали AVIAINCIDENT, ки ҳодисаҳои фавқулодда бо ҳавопаймоҳоро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки шаби 6 августи соли 2022, соати 00:25 ба вақти Маскав (соати 01:25 ба вақти Самара) сардори экипажи ҳавопаймои тамғаи “Aэробус-320”, марбут ба ширкати “Уральские Авиалинии”, ки бо хатсайри SVR8969 Маскав (Домодедово) – Кӯлоб парвоз анҷом медод, “дар бораи дар дохили ҳавопаймо рафтори номуносиб кардани як мусофираш, ки зоҳиран бемори муътоди маводи мухаддир буд, хабар дода, тасмим гирифтааст, ки берун аз нақша дар фурудгоҳи Самара фуруд биояд. Нишаст дар Самара соати 00:52 бомуваффақият анҷом ёфт”.

Тавре аз иттилооти нашршуда дар сомонаи “Флайтовейр” (flightaware.com) бармеояд, парвози SVR8969 Маскав (Домодедово) — Кӯлоб мебоист аз Маскав соати 22:00 парвоз мекард, вале бо таъхир соати 23:12 ба қасди Кӯлоб ба ҳаво хест, вале соати 01:58 дар фурудгоҳи Курумочи Самара фуруд омада, аз онҷо баъди ним соат боз ба парвоз даромадааст. Ҳавопаймо ба фурудгоҳи Кӯлоб бо се соат таъхир расидааст.

Дар хадамоти матбуоти ширкати “Уральские авиалинии” ба пойгоҳи хабарии УРА.РУ хабар додаанд, ки дар Самара он мусофирро, ки сабаби нишасти изтирории ҳавопаймо шуд, дар беморхона бистарӣ кардаанд. Ширкати ҳавопаймоӣ дар бораи он ҳодиса ягон тафсилоти дигар надодааст. Ва рӯшан нест, ки он мусофир дар ҳақиқат бемори муътоди маводи мухаддир буд ваё дар дохили ҳавопаймо гапу кори дигаре гузаштааст?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button