Хабарҳо

БОЗДОШТИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 6 ВА 7 БАРОИ НАШРИ АКСҲОИ КОРДУ ТАБАР ДАР ДАСТ

Маркази матбуоти РВКД Душанбе рӯзи 6 августи соли 2022 бо нашри аксҳои зиёд аз боздошти як гуруҳи наврасони кордбадаст, хонандагони синфҳои 6 ва 7-и яке аз мактабҳои миёнаи пойтахти Тоҷикистон хабар дод. Аз ин наврасон, ки ҳамагӣ 13-14 сол доранд, ҳамчун далели 5 адад корд, як табар ва як чӯбдаст (бита) дарёфт ва мусодира карда шуда, ба далели хурдсол будани худи қонуншиканҳо нисбат ба волидайни онҳо бо иттиҳом вайрон кардани қонуни масъулияти падару модар бар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон протокол тартиб додаанд. Ба волидайни ин наврасон ҷарима таҳдид мекунад.

Вале мояи нигаронии милитсияи Душанбе паҳлуи дигари ин қазия аст. Дар иттилоияи милитсия гуфта мешавад, ки “наврасони кордбадасти дастгиршуда бо мақсади худнамоӣ ва нишон додани бартарияти худ нисбат ба дигар ҳамсолон дар даст корду табар гирифта, аксу наворҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд”.

Мақомоти милитсия аз он изҳори ташвиш кардаанд, ки бо вуҷуди инак 4 сол боз дар пойтахти Тоҷикистон роҳандозӣ шудани амалиёти “Корд”, “ташвишовар он аст, ки баъзе аз наврасон бо худ гардонидани корд ва дигар намуд предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро ба қавле ба «муд» табдил дода, ҳатто бо корд мусаллаҳ будани худро ба навор ва расм гирифта, бо мақсади худнамоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн месозанд. Воқеан ин падидаи номатлуб аз ҳар як нафар фаъоли ҷамъият тақозо менамояд, ки бетараф набошанд”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button