Хабарҳо

АБДУРОЗИҚ ҲАМРОҲИ СИТОРАИ СИНАМОИ ҲИНД САЛМОН ХОН ДАР ЯК ФИЛМ НАҚШ МЕОФАРАД (ВИДЕО)

Гоҳо чизҳое рӯй медиҳанд, ки шумо ҳатто дар орзуҳои худ тасаввурашро надошт. Зиндагӣ чунин аст ва айни чунин ҳолат бо Абдурозиқ, хурдтарин овозхони дунё рӯй дод ва ба ӯ иқбол даст дод, ки дар як филми ҳиндӣ ҳамроҳ бо яке аз машҳуртарин ситораҳои Болливуд Салмон Хон нақш биофарад, менависад нашрияи Daily Pakistan. Бино ба иттилои ин нашрия, Абдурозиқ, ин сенсатсияи Интернет аз Тоҷикистон, ки 17 сол ва ҳамагӣ 1 метр қад дорад, яке аз нақшҳои асосиро дар филми Фарҳод Самҷӣ бо номи шартии “Бародар” иҷро хоҳад кард. Нақши асосиро дар ин филм худи Салмон Хон иҷро мекунад. Банаворгирии филми пурпечутоби мазҳакавии “Бародар” моҳи июн дар фермаи Салмон Хон дар канори шаҳри Мумбай, пойтахти синамои Ҳинд оғоз ёфт ва қарор аст, ки он соли 2023 пешкаши тамошобинон шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button