Хабарҳо

ҲУКМИ ЗИНДОНИ УМРБОДИ ДУ СОКИНИ ҶАЙҲУН БАРОИ ҚАТЛИ 4 УЗВИ ОИЛАИ МАҲМАДОВҲО

Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 4 августи соли 2022 Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Хайбуллоев, ду гумонбари қатли оилаи Маҳмадовҳо дар ноҳияи Ҷайҳунро ба ҳабси абад ва Адолат Шерматова, гумонбари сеюм а ҳамсари Қтиёмиддин Насриддиновро ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Ду рӯз пеш, айбдоркунандаи давлатӣ ба Ҳайбуллоев ва Насриддинов ҳукми абад ва ба Адолат Шерматова 30 соли зиндон талаб карда буд.

Дар ҳамин ҳол, , гумонбарон дар сухани охирин худро бегуноҳ дониста, аз додрас хоҳиш кардаанд, ки онҳоро сафед кунад. Қаблан ҳар се айбдоршаванда аз баёноте, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ дода буданд, даст кашида, худро дар куштори оилаи Маҳмадовҳо бегуноҳ дониста буданд. Онҳо даъво доштанд, ки зери фишор ва бар асари шиканҷа баёнот додаанд.

Куштори 4 узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳун яке аз ҳодисаҳои пурсарусадои солҳои ахир дар вилояти Хатлон аст.

Куштори пурсарусадои падари оила ва се фарзанди ноболиғаш шаби 12 июни соли 2021 рух дода буд. Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се фарзанди 8,13 ва 14-солааш ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.

Аз хонаводаи Маҳмадов, ҳамсараш Латофат Азизова ва як писараш зинда монданд. Маҳз онҳо баъдан гумонбаронро шинохтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button