Хабарҳо

АЗ ЯК СОКИНИ ПОЙТАХТ БАРОИ АСБОБИ ЧИЛИМКАШӢ 753 ҲАЗОР ДОЛЛАР(!!!) ГИРИФТААНД

Марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки аз як марди 43-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб бо ваъдаи барои равнақи тиҷораташ аз хориҷа овардани асбоби чилимкашӣ 753 ҳазор доллар (!!!)гирифтааст, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

хххххххххххххх

Марди 37-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи октябри соли 2019 бо роҳи фиреб аз як сокини пойтахт бо ваъдаи аз хориҷа овардани маҳсулот барои равнақи тиҷораташ 60 ҳазор доллар гирифта, ин пулҳоро ба манфиати худ сарф кардааст.

ххххххххххх

2 навраси 14 ва 15-сола аз ноҳияи Варзоб ба он гумонбар мешаванд, ки Ба соати сеи шаби 30 июл пинҳонӣ вориди як мағоза дар кӯчаи Деҳлавии пойтахт шуда, аз он ҷо 11 ҳазор сомонӣ ва базаи камераи мушоҳидавиро дуздидаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button