Хабарҳо

БОЗДОШТИ ДУ ТОҶИК ДАР ЯРОСЛАВЛ БАРОИ АҚДИ НИКОҲҲОИ ҚАЛБАКӢ БА ХОТИРИ ШАҲРВАНДӢ

БОЗДОШТИ ДУ ТОҶИК ДАР ЯРОСЛАВЛ БАРОИ АҚДИ НИКОҲҲОИ ҚАЛБАКӢ БА ХОТИРИ ШАҲРВАНДӢ

Кормандони ФСБ Русия дар вилояти Ярославл чор нафар – ду шаҳрванди Русия ва ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир кардаанд. Хадамоти матбуоти раёсати ФСБ вилояти Ярославл хабар дод, ки ин афрод аз никоҳи қалбакӣ мехостанд барои дарёфти шаҳрвандии Русия истифода баранд. Тибқи фарзияи мақомот, ду шаҳрванди Русия дар ҳудуди вилояти Ярославл занонеро пайдо кардаанд, ки дар ивази пул бояд ба ин ду марди тоҷик издивоҷ мекарданд. Баъди ин зодагони Тоҷикистон мебоист аввал ҳаққи иқомат ва сипас шаҳрвандии Русияро ба даст меоварданд, вале дастгир шуданд.

“Нисбат ба онҳо аз ҷониби шуъбаи тафтишотии раёсати вилоятии ФСБ бар асоси қисми дуюми моддаи 322.1 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парванедаи ҷиноятӣ кушода шуда, чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишотӣ идома доранд”, — гуфта мешавад дар иттилоияи ФСБ. Бар асоси ин банди қонуни Русия ба дастгиршудаҳо то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ин нахустин мавриди ба ақди никоҳҳои қалбакӣ айбдор шудани зодагони Тоҷикистон дар вилояти Ярославл нест. Дар аввали соли ҷорӣ кормандони ФСБ ин вилоят 15 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ақди никоҳҳои қалбакӣ бо занони сокини шаҳрҳои Гаврилов-Яма ва Ростов Великий айбдор карданд. Парвандаи зидди се ташкилкунандаи он канали муҳоҷирати ғайриқонунӣ моҳи апрели соли 2022 ба додгоҳ супурда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button