Хабарҳо

ҲАЛОКАТИ ЯК МАРДИКОР ҲАНГОМИ ТОЗА КАРДАНИ ТСИСТЕРНА ДАР КОРХОНАИ ОРДИ ДУШАНБЕ

ҲАЛОКАТИ ЯК МАРДИКОР ҲАНГОМИ ТОЗА КАРДАНИ ТСИСТЕРНА ДАР КОРХОНАИ ОРДИ ДУШАНБЕ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 3 августи соли 2022 дар ҳудуди ширкати ҶДММ “Ғалла” (собиқ комбинати орди Душанбе) ҳодисаи нохуш рӯй дода, сабаби марги як мардикор шудааст.

Ба навбатдори КҲФ занг зада, хабар додаанд, ки дар ширкати “Ғалла”, қароргоҳаш воқех дар кӯчаи Зебунисо, 12 ноҳияи Шоҳмансур, ҳангоми анҷоми корҳои тозакунӣ ҳодисаи нохуши муҳлик руӯ додааст. Гуфта мешавад, як сокини 19-солаи ҷамоати ба номи Турдиеви ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳамчун мардикор барои тоза кардани як тсистерна аз хокистари ангишт ҷалб шуда буд, ба сабаби дағалона вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ, бар асари нафас кашидани дуди ангишт аз ҳуш рафта, аз баландии 20 метр ба даруни тсистерна афтодааст.

Барои баровардани ҷасади мардикор як гуруҳи наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанберо ба ҷои ҳодиса равон кардаанд. Наҷотбахшон танҳо бо истифода аз таҷҳизоти махсус тавонистаанд ҷасадро аз даруни тсистерна бароранд ва ба кормандони милитсия бисупоранд. Дар робита ба сабабҳои ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҷои ҳодиса видеоеро низ нашр кард, ки дар он чӣ гуна дастбакор шудани наҷотбахшон инъикос ёфтааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button