Хабарҳо

БА КӮДАКОН АЗ ИСЛОМ ДАРС МЕДОД: ҶАРИМАИ ЯК МУЛЛО ДАР НОҲИЯИ ҶОМӢ

Додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон як муллоро барои таълими ғайриқонунии улуми динӣ ба маблағи 640 сомонӣ ва падари ду шогирди ӯро маблағи 192 сомонӣ ҷарима бастааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 4 августи соли 2022 дар шарҳи ин парванда гуфт, “Ҳалимов Насриддин Давлатович, сокини ҷамоати Яккатути ноҳияи А. Ҷомии вилояти Хатлон, бархилофи талаботи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал карда, фарзандони ноболиғи худ Ҳалимов Абдураҳим Насриддинович, соли таваллудаш 12.10.2011 ва Ҳалимов Абдукарим Насриддинович, соли таваллудаш 17.07.2013-ро ки хонандагони синфҳои 2 ва 4-и мактаби миёнаи №54 мебошанд, барои дар назди шаҳрванд Абдизода Маҳмадулло Абдулло, таълимоти ғайриқонунии динӣ омӯхтан иҷозат додааст”.

Дар Тоҷикистон аз соли 2011 таълими улуми динӣ танҳо ба фарзандони худи шаҳрванд иҷозат дода шудааст. Ҳар сол чанд рӯҳониро ба таъсиси мадрасаҳои ғайриқонунӣ ва таълими улуми динӣ ба фарзандони мардум айбдор карда, ба ҷавобгарӣ мекашонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button