Хабарҳо

ҚАСОС Ё..? 14 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ НАРКОБАРОН БО ЛАҚАБИ ЛЁНЯ ТАДЖИК ДАР РУСИЯ

Марҳалаи чоруми додгоҳи кассатсионӣ дар кишвари Краснодари Русия низ ҳукми зодаи Тоҷикистон Лутфиддин Рӯзиматов, маъруф бо лақаби Лёня Таджикро бетағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи ноҳияи Хостаи шаҳри Сочи қаблан Лёня Таджикро бо ҷурми қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир ба 14 соли зиндони низомаш сангин маҳкум карда буд. Бино ба иттилои хабаргузории “Волга Нюс”, Лёня Таджик дар додгоҳ гуфтааст, ки наберааш маризи сахт буд ва ба табобат дар Исроил эҳтиёҷ дошт ва азбаски пули табобат хеле зиёд буд, ӯ маҷбур шуд, ки даст ба қоҷоқи маводи мухаддир бизананд. Ҳамроҳ бо Рӯзиматов, додгоҳ боғбони ӯ Абдуғаффор Ориповро ҳам ба 9 солу 8 моҳи зиндон маҳкум кардааст.

Рӯзиматов қаблан дар Самара кору фаъолият дошт ва дар соли 2018 дар парвандаи ду афсари баландпояи ФСБ, ки ба коррупсия, аз ҷумла ба «ҳақ» гирифтан аз қочоқбарони маводи мухаддир айбдор мешуданд, ҳамчун шоҳид мегузашт. Гуфта мешуд, ки яке аз он афсарон — подполковник Александр Молчанов барои «нигоҳубин»-и як таваққуфгоҳи мошинҳо (автостоянка) ҳар моҳ аз Лёня Таджик 50 ҳазор рубл «ҳақ» («доля») мегирифт ва ба болои ин, аз ӯ барои ҳалли мушкилоташ бо пулис 6 миллион рубли дигар тамаъ кардааст. Бо вуҷуди маҳкум шудани он ду афсари ФСБ, Рӯзиматов он вақт ба хабарнигорон гуфта буд, ки «қарз қарз аст ва 4 миллион рубл қарзи дигар аз Молчанов дар гардани ман боқӣ мондааст.» Чунин эҳтиёткории Рӯзиматов беҳуда набуд, чунки он ду афсар баъди муддати кӯтоҳе аз маҳбас озод шуданд. Аммо маълум нест, ки оё боздошту ҳукми зиндони Лёня-Таджик дар Сочи интиқом барои шоҳидӣ доданаш ба зидди афсарони ФСБ буд ё ин ду ҳодиса ба ҳам рабт надоранд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button