Хабарҳо

10-шабонарӯз ҳабси маъмурии ронанда барои озори ҷавондухтар

Гарчанде аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия нисбати он нафароне, ки бо алфози қабеҳ ва амалу рафтори ноҷои худ боиси озори лафзиву ҷисмонии занон мегарданд, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад, ҳам вале боз нафароне ҳастанд, ки нисбати занон бадрафторӣ мекунанд.
  Аз ҷумла, дар асоси муроҷиати як нафар сокини пойтахт аз ҷониби кормандони милитсия, шаҳрванд Розиқов Шаҳром Намозалиевич, соли таваллудаш 19.10.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Борбад, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай» рақамҳои қайди давлатиаш 7483ТТ05 дастгир карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда санаи 27-уми июли соли ҷорӣ нисбати як нафар ҷавонзани 30-сола, сокини кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.


  Зимни пурсиш ва санҷиши навори ҷойи ҳодиса гуноҳи содирнамудаи дастгиршуда-Розиқов Шаҳром ба пуррагӣ исботи худро ёфт.
Вобаста ба ин нисбати Розиқов Шаҳром тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати номбурда дар асоси Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button