Хабарҳо

БОЗДОШТИ ЯК СОКИНИ ПАНҶАКЕНТ БАРОИ ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ ДУХТАРИ 14-СОЛАИ ҲАМСОЯ

Кормандони милитсияи Панҷакент рӯзи 2 августи соли Бегичонов Абукахҳор Абдугафурович, санаи таваллудаш 12 апрели соли 1997, сокини деҳаи Қумоқи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералиро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғи санаи таваллудаш 27 декабри соли 2007 бо роҳи зӯроварӣ дастгир кардаанд. Ба Бегиҷонов, ки дар Қумоқ ӯро бештар бо номи Бобоҷон мешиносанд, бар асоси моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои таҷовуз ба номуси ноболиғи 14-сола то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Манобеи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Панҷакент хабар доданд, ки Бегиҷонов ба таҷовуз ба номуси духтарчаи ноболиғе, ки ба ӯ ҳам ҳамсоя ва ҳам хешованд буд, айбдор мешавад.

Яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод”, ки натиҷаи ташхиси суддию тиббии ҷабрдидаро ба чашм дидааст, хабар дод, ки ташхис осори зиёди захму лат дар сару рӯи ҷабрдидаро низ мушоҳида карда, ба хулосае расидааст, ки Бегиҷонов ба муқовимати духтчарча нигоҳ накарда, ба номуси ӯ расидааст ва дар натиҷаи ин таҷовуз пардаи бакорати ҷабрдида даридааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button