Хабарҳо

ЯКУНИМ СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ЗАНИ ҶОДУГАР АЗ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ОРЕНБУРГ

Додгоҳи ноҳияи Оренбурги Русия Ойиша Абдуҷалилзода Юсупӣ, маъруф бо лақаби Изанна, як зани 32-сола аз Тоҷикистонро бо иттиҳоми қаллобӣ ба якуним соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карда, ҳамчунин ба маблағи 70 ҳазор рубл ҷарима баст. Худи ин зан барои шарҳи ҳукмаш дастрас нест, вале бино ба хулосаи тафтишот ва додгоҳ, Изанн худро “табиби халқӣ” вонамуда карда, аз шаҳрвандони зудбовар дар ивази “табобат” маблағҳои бузург мерӯёндааст. Додгоҳ ӯро бар асоси моддаи 30 ва қисми сеюми моддаи 159 Кодекси ҷиноятии Русия дар сӯиқасд ба қаллобӣ ба маблағи бузург гунаҳкор шинохт. Изана аз ин ҳукм ба додгоҳи вилояти Оренбург шикоят бурд, вале додгоҳи вилоятӣ ҳукми ӯро бетағйир боқӣ гузошт.

Гуфта мешавад, Изанна аз ҳар муштариаш аз 15 ҳазор то 600 ҳазор пул мегирифт, вале дар аксари мавридҳо, бино ба хулосаи тафтишот ва додгоҳ, худаш дар хонаҳои он муштариён ягон чизи гӯё дуохондашударо мепартофт ва сипас худаш ин чизҳоро “ёфта”, муштариҳоро бовар мекунонд, ки кадом душмане онҳоро ҷоду кардааст ё лаънат кардааст.

Яке аз ин муштариҳои “ҷодушуда” сокини 42-солаи Оренбург буд, ки Изанна аз вай барои тоза кардани “ҷоду” 589 ҳазор рубл талаб кардааст. Ин мард ба пулис шикоят бурд ва Изаннаро моҳи августи соли 2021 дастгир карданд. Тафтиши парвандаи ӯ қариб як сол тӯл кашид. То эълони ҳукмаш Изана ба сабаби 4 фарзанди хурдсол доштанаш қариб як сол дар ҳабс хонагӣ қарор дошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button