Хабарҳо

Қочоқи чорво аз Қирғизистон ба Узбекистон

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар додааст, ки сарбозони ин ниҳод рӯзи 30 июл аз қочоқи чорво ба Узбекистон пешгирӣ карданд.

Ба иттилои хадамот, сокини ноҳияи Оқсӯи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон, соли таваллудаш 1998, мехостааст, 78 сар чорвои худро ғайриқонунӣ ба Узбекистон интиқол диҳад.

Бино ба иттилои пешакӣ, маблағи умумии чорво 780 ҳазор сомро ташкил медиҳад.

Марзбонони қирғиз ҳамчунин дар вилояти Бодканд қочоқи лавозимоти тиббиро ба маблағи 643 ҳазору 500 сом (ҳудуди 8 ҳазор доллар) ошкор кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button