Хабарҳо

ҲАЛОКАТИ ТИФЛИ НАВЗОД ВА 5 ЗАХМӢ БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” БО “ТОЙОТА” ВА “ЛЕКСУС”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати як тифли навзод ва ҷароҳат бардоштани 5 тани дигар бар асари якбора бо ду мошини “Тойота Камри” ва “Лексус LX-570” бархӯрдани як мошини “Опел-Астра” дар роҳи Душанбе-Кӯлоб хабар дод.

Бино ба гузориши ВКД, субҳи 26-уми июли соли 2022, тахминан соати 09:50, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Қосимов Азиз Абдуҳалимович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб, ба самти муқобили ҳаракат баромада, дар аввал бо суръати баланд ба автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, таҳти идораи Мирзоев Хуршед Ҳакимович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Восеъ бархӯрда, баъдан ба автомашинаи тамғаи “Лексус LX-570”, таҳти идораи ронанда Меликов Фирдавс Зафарович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи «Опел Астра», Қосимов А. А.. ва мусофиронаш: Назарова Робия Саидҷаъфарович, соли таваллудаш 1978, Ғуломов Абубакр Раҳмонович, соли таваллудаш 1987, Нуралиев Наҷибулло Нуриддинович, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Восеъ, Якубова Сомона Азизуллоевна, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе ва хурдсол Нуриддинов Муҳаммадӣ Наҷибуллоевич, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мусофири дигари “Опел Астра”, хурдсол Нуриддинова Зайнаб Наҷибуллоевна, соли таваллудаш 2022, сокини ноҳияи Восеъ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button