Хабарҳо

ҲАЛОКАТИ 8 НАФАР БАР АСАРИ СӮХТОР ДАР ЯК ҲОСТЕЛ ДАР МАСКАВ

ҲАЛОКАТИ 8 НАФАР БАР АСАРИ СӮХТОР ДАР ЯК ҲОСТЕЛ ДАР МАСКАВ

Шаби 29 июли соли 2022 бар асари сӯхтор дар як ҳостел дар кӯчаи Алма-Атинская дар ҷануби шаҳри Маскав 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Додситонии Маскав бо нашри аксҳои зиёд ва видеоҳо аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки, ба тафтиши ин ҳодисаи фоҷиабор оғоз кардааст.

Дар ин ҳостел асосан муҳоҷирони корӣ зиндагӣ мекардаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки намояндагонашро барои маълум кардани ҷузъиёт ба ҷои ҳодиса фиристодааст. Онҳо бояд аз ҷумла маълум кунанд, ки оё дар ин фоҷиа шаҳрвандони Тоҷикистон низ осеб дидаанд ё хайр?

Додситонӣ гуфт, ширкате, ки умури ин ҳостелро пеш мебурд, қаблан барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор тибқи қисми якуми моддаи 20.4 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия алакай ҷазо гирифта буд. Дар робита ба сӯхтори пурқурбонии шаби 29 июл додситонии пойтахти Русия бар асоси қисми сеюми моддаи 238 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ироаи хидматрасониҳое, ки ҷавобгӯи талаботи бехатарӣ нест ва боиси марги беш аз ду нафар шудааст, парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Ба масъулони ҳостел дар сурати собит шудани гунаҳкориашон бар асоси ин банди қонуни Русия ҳамчун ҷазо то 5 сол корҳои ислоҳӣ ваё то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button