Хабарҳо

ХУШНУД (РОМАН) ҲАМРОЕВ БАРОИ 2 МОҲ БА ҲАБСИ ПЕШАКӢ ГИРИФТА ШУД АКС АЗ ТОЛОРИ ДОДГОҲ

Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Новосибирски Русия рӯзи 28 июли соли 2022 тақозои тафтишотро қонеъ гардонда, шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Хушнуд Ҳамроевро, ки дар Новосибирск ӯро бо номи русии Роман мешинохтанд, барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. “Отеллои тоҷик”, ки субҳи 27 июл бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи маъшуқаи собиқаш Анастасия, духтари 17-солаи мактабхон аз шаҳри бо Новосибирск ҳамсояи Бердск, дастгир шуд, дастикам то 26 сентябр пушти панҷара дар СИЗО хоҳад монд. Анастасия шаби 26 июл дар ҷануби шаҳри Новосибирск бо дастикам 15 зарбаи корд кушта шуд.

Вақте ки қозии парванда барои танаффус берун рафт, журналистони дар додгоҳ ҷамъшуда тавонистанд бо Хушнуд (Роман) суолуҷавоб анҷом диҳанд. Ӯ изҳор дошт, ки духтари дӯстдоштаашро барои ба вай хиёнат карданаш куштааст:

— Шумо гуноҳро ба гардан мегиред? Изҳори пушаймонӣ мекунед? – пурсиданд журналистон.

— Бале.

— Чаро ин кор рӯй дод?

– Барои хиёнат.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button