Хабарҳо

ҲАЛОКАТИ СЕ АФСАРИ ФСБ ДАР ЯК САДАМА ДАР ҶАНУБИ ҚИРҒИЗИСТОН

ҲАЛОКАТИ СЕ АФСАРИ ФСБ ДАР ЯК САДАМА ДАР ҶАНУБИ ҚИРҒИЗИСТОН (2 ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА)

Шаби 25 ба 26 июли соли 2022 дар як садама дар шаҳри Ӯш дар ҷануби Қирғизистон се шаҳрванди Русия ба ҳалокат расиданд. Ҳарсе қурбонии ин садама афсарони ФСБ будаанд, ки дар гуруҳи фаврии Нирӯҳои марзбонии ФСБ Русия дар Қирғизистон кор мекарданд. Қароргоҳи ин гуруҳи фаврӣ дар шаҳри Ӯш ҷойгир шудааст.

Сомонаи 24.kg бо такя ба маркази матбуоти Сарраёсати таъмини амнияти ҳаракат дар роҳи Қирғизистон (собиқ ГАИ) хабар дод, ки шаби 25 ба 26 июл мошини тамғаи Hyundai SantaFe бо суръати баланд ба як тоблуи таблиғотӣ дар кӯчаи Ғаффор Айтиеви шаҳри Ӯш бархӯрдааст. Kloop.kg хабар дод, ки мошин бо суръати 150 километр дар як соат ҳаракат мекард ва ҳамаи се нафаре, ки дар дохилаш буданд, дар ҷои ҳодиса, ҳанӯз то расидани мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ҷон бохтаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button