Хабарҳо

“ФАЗИЛАТИ РАҲИМ” – НАШРИ КИТОБ ДАР БОРАИ РАҲИМИ ҒАРМӢ

“ФАЗИЛАТИ РАҲИМ” – НАШРИ КИТОБ ДАР БОРАИ РАҲИМИ ҒАРМӢ

Садбарг Боқиева, хабарнигори тоҷике, ки солҳои тӯлонӣ дар Русия кору зиндагӣ кардааст, дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки дар бораи Абдураҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, соҳибкори дастбахайри тоҷик бо номи “Фазилати Раҳим” китоб навишта, онро ба тозагӣ аз чоп баровардааст. Садбарг Боқиева навишт, “дар китоб сухан дар бораи нахустин фаьолияту ба кор таьмин кардани даҳҳо ҳамватанон дар маркази савдои «Планета одежды и обуви»-и шаҳри Новосибирск, дар солҳои 2013-2014, овони бачагию мактабхонию бо пайроҳаи тақдир рох ёфтан ба мактаби бузурги зиндагӣ, ки сардию гармию шебу фарозҳо дорад, шаҷараи авлодию сафари мо аз Русия ба зодгоҳи Раҳим, манзараҳои зебои диёр ва андешаҳои нахустин муаллимони Раҳим, ҳамсояҳо, ҳамкорон ва хайру эҳсонкориҳои Бобоҷонов дар солхои душвори КОВИД-19 дар Русия ва Тоҷикистон меравад”.

Раҳими Ғармӣ бо дасти хайри худ машҳур буда, ба садҳо оилаи ниёзманд ва ҳамин тавр, ба аҳли ҳунар ва қалам ва ба варзишгарони тоҷик кумак мерасонад.

Моҳи июни соли ҷорӣ, қабл аз сафараш ба Ҳаҷ, Раҳими Ғармӣ ба 20 оилаи ниёзманд ва ҳамчунин ба ду ширинкори машҳур Бахтиёр Раҳимов, маъруф ба Ғарибшо, ва Гулбаҳор Ғаффорова, ситораи собиқи студияи “Хандинкамон” хона туҳфа кард. Дар видеои нашршуда дида мешуд, ки Раҳими Ғармӣ ба бархе ниёзмандони маъюб ҳатто хонаҳои дуқабата туҳфа кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button