Хабарҳо

ДОМОДҲОИ ТОҶИК ДАР ЧУВАШИСТОН АЗ ҲАМА СЕРХАРИДОР БУДААНД

Хадамоти давлатии адлияи ҷумҳурии Чувашистон ё Чувашияи Русия хабар дод, ки дар нимаи аввали соли 2022 дар ин ҷумҳурӣ бо хориҷиён 98 ақди никоҳ баста шуд, ки назар ба 56 чунин никоҳи ба истилоҳ “интернатсионалӣ”, ки дар нимаи аввали соли 2021 дар Чувашистон баста шуд, 42 ақд, ё 75 фоиз (!( бештар аст. Бино ба омори нашршуда, дар байни домодҳои хориҷӣ дар Чувашистон ҷои аввалро тоҷикҳо гирифтаанд – аз аввали соли 2022 алакай 27 шаҳрванди Тоҷикистон бо сокинони Чувашистон издивоҷ кардаанд. Дар ҷои дуюм зодагони Озарбойҷон меоянд, ки 10 нафари онҳо имсол дар Чувашистон тӯй шудаанд. Сокинони ин ҷумҳурии Русия имсол ҳамчунин бо шаҳрвандони Ироқ, Сурия, Туркманистон, Миср, Украина ва кишварҳои дигар ақди никоқ бастаанд.

Соли гузашта идораҳои ЗАГСи вилояти Саратов ва ҷумҳурии Удмуртистони Русия низ хабар дода буданд, ки арӯсони маҳаллӣ дар ин ду минтақа аз байни домодҳои хориҷӣ бештар аз ҳама бо зодагони Тоҷикистон издивоҷ кардаанд.

ЗАГСи шаҳри Маскав, пойтахти Русия низ бо натиҷагирии соли 2021 хабар дода буд, ки арӯсони маскавӣ низ бештар аз ҳама ба домодҳо аз Тоҷикистон ба шавҳар мебароянд. Аз 1500 домоди хориҷӣ қариб чорякаш, ё 355 ақди никоҳ бо шаҳрвандони Тоҷикистон баста шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button