Хабарҳо

146 ЗАНУ КӮДАКИ ТОҶИКРО АЗ СУРИЯ БА ВАТАН ОВАРДАНД

Шаби 25 июли соли 2022 146 шаҳрванди Тоҷикистон – 42 зан ва 104 кӯдак- тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин бораи бо нашри 5 акс аз фурудгоҳи Душанбе хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дод. “Ховар” таъкид кардааст, ки бозгашти ин шаҳрвандони тоҷик аз кишвари ҷангзадаи Сурия бо супориши бевоситаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Радиои Озодӣ хабар дод, ки занону кӯдакони тоҷикро аз Сурия бо ҳавопаймои чартерии ширкати “Cham Wings” (“Шом Вингз”) овардаанд. Ин ҳавопаймо соати нӯҳи шаб дар пойтахти Тоҷикистон фуруд омадааст, вале дар фурудгоҳи Душанбе танҳо ба хабарнигорони шабакаҳои давлатӣ иҷоза додаанд, ки аз ҷараёни вуруди ин занону кӯдакон аксу видео гиранд. Озодӣ меафзояд, ки баъд аз анҷоми расмиёт ҳамаи мусофирони ин ҳавопаймо ба маҳалле интиқол дода шуданд, ки мақомот аз эълони номи он худдорӣ мекунанд. Онҳоро бо 4 автобуси ширкати «Asian Express» аз фурудгоҳ бурдаанд ва ин корвонро 3 мошини «Ёрии таъҷилӣ» низ ҳамроҳӣ мекард.

Рӯзи 25 июл мақомоти нимамухтори курдҳои Сурия эълон карданд, ки 146 зану кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷики созмони ДОИШро ба сафири Тоҷикистон дар Кувейт супурданд.

Фанар Кеит, намояндаи курдҳои Сурия ба хабаргузории Франс Пресс гуфт: “Мо 42 зан ва 104 кӯдакро, ки дар урдугоҳҳои Ал Ҳавл ва Рож қарор доштанд, ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода супурдем. Инҳо заноне буданд, ки ягон ҷиноят содир накардаанд ва дар амалҳои терроризм дар шимол ва шимолу шарқи Сурия даст надоштанд”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button