Хабарҳо

БОЗДОШТИ 3 СОКИНИ ҶАЙҲУН БАРОИ ДАСТ ДОШТАН ДАР 20 ҲОЛАТИ ДУЗДИИ ЧОРВОИ МАРДУМ

БОЗДОШТИ 3 СОКИНИ ҶАЙҲУН БАРОИ ДАСТ ДОШТАН ДАР 20 ҲОЛАТИ ДУЗДИИ ЧОРВОИ МАРДУМ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 26 июли соли 2022 аз ошкор кардани омилони 20 мавриди дуздии чорвои мардум дар ноҳияи Ҷайҳун ва боздошти 3 гумонбар хабар дод:

1. Самизода Саломуддин, соли таваллудаш 1988,

2. Қосимов Саидалӣ, соли таваллудаш 1990, ҳарду пеш бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуздӣ суд шудаанд ва

3. Суфиев Бобоҷон, соли таваллудаш 1991, сокинони ноҳияи Ҷайҳун.

Офоқ Қодириён гуфт, ин 3 нафар дар 20 ҳолати дуздии чорвоҳои калону майдаи сокинони ноҳияи Ҷайҳун умонбар дониста мешаванд. “Ин нафарони ҷиноятпеша шабона тариқи пинҳонӣ аз дохили оғилхонаҳо ва назди заминҳои хоҷагии деҳқонии шаҳрвандон чорвоҳои хурду калони сокинонро дуздида, аз ҷойи ходиса ба макони ба худашон мувофиқ интиқол медиҳанд ва маблағи аз фурӯши чорвои мардум ба даст овардаашонро ба фоидаи шахсии худ сарф кардаанд”, гуфта мешавад дар хабар. Маблағи умумии зарар ба шаҳрвандон зиёда аз 100.000 сомониро ташкил медиҳад.

Ба онҳо аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button