Хабарҳо

ҲАЛОКАТИ 3 НАФАР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ ДУ “МЕРСЕДЕС” ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

ҲАЛОКАТИ 3 НАФАР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ ДУ “МЕРСЕДЕС” ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 24 июл бар асари бархӯрди ду мошини “Мерседес” дар ҳудуди деҳаи Работи ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд се нафар ба ҳалокат расида, 4 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба иттилои ВКД, 24-уми июли соли 2022, тахминан соати 14:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Давлатмуродзода Муҳаммади Икром, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, дар ҳудуди деҳаи Работи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Сафаров Абубакр Абдуғаниевич, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-и дуюм Сафаров А.А. ва мусофираш Ҳайдаров Дилшод Сангинбоевич, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Панҷакент, аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-и дигар, Умаров Абдувосид Адҳамович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Ҳисор аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button