Хабарҳо

ДАР НИМАИ АВВАЛИ СОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 84 НАФАР ҒАРҚ ШУД, 8 ТАНИ ДИГАР ҚУРБОНИ СЕЛУ ТАРМАЮ РАЪДУ БАРҚ ШУДААНД

ДАР НИМАИ АВВАЛИ СОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 84 НАФАР ҒАРҚ ШУД, 8 ТАНИ ДИГАР ҚУРБОНИ СЕЛУ ТАРМАЮ РАЪДУ БАРҚ ШУДААНД

Генерал-полковник Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзи 26 июл дар нишасти хабариаш гуфт, дар нимаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 606 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳаводис ба иқтисоди кишвар 15 млн 583 ҳазору 300 сомонӣ зарар расида, 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз инҳо: 2 нафар дар натиҷаи омадани селҳо, 2 нафар дар тарма, 2 нафар дар резиши санг ва 2 нафари дигар ҳангоми раъду барқ. Генерал Назарзода гуфт, дар ҳамин давраи соли 2021 дар Тоҷикистон 299 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шуда буд, ки он ҳаводис ба иқтисоди кишвар ба маблағи 111 млн 42 ҳазору 500 сомонӣ зарар расонда, сабаби марги 22 нафар шуда буд.

Бино ба иттилои раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар нимаи аввали соли 2022 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 84 нафар ҷон бохтаанд, ки назар ба 69 ғарқшудаи ҳамин давраи як соли қабл 15 қурбонӣ зиёд аст. (бо ғарқшудагони моҳи июл шумораи қурбониёни имсола алакай аз 110 нафар гузашт).

“Ба сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ҳангоми оббозӣ дар рӯду кӯлҳои кишвар дар шаш моҳи охир 84 нафар (соли 2021 – 69) ба ҳалокат расиданд. Ҳафт нафари инҳо то 4-сола буданд, 15 нафар аз 5 то 10 сол доштанд, 24 нафар аз 11 то 16 – сола, 27 нафар аз 17 то 35 ва ёздаҳ нафари дигар болотар аз 35-сола буданд”, гуфт раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button