Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Бозгардондани 42 зан ва 104 кӯдаки тоҷик аз Сурия ба Ватан (видео)

Мақомоти нимамухтори курдҳои Сурия бо имзои як санади расмӣ ҳудуди 42 зан ва 104 кӯдак аз хонаводаҳои пайравони ДОИШ-ро ба намояндаи Тоҷикистон супурд

ДУШАНБЕ, 25 июл —  Депараменти равобити хориҷии раҳбарияти мухтори шимол шарқи Сурия ахиран 146 зану кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷики созмони ДОИШ-ро ба Тоҷикистон супурданд, иттилоъ додааст Нawarnews.

“Мо 42 зан ва 104 кӯдакро, ки дар урдугоҳҳои Ал Ҳавл ва Рож қарор доштанд, ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода супурдем. Инҳо заноне буданд, ки ягон ҷиноят содир накардаанд ва дар амалҳои терроризм дар шимол ва шимолу шарқи Сурия даст надоштанд”, — Фанар Кеит, муовини раиси Депараменти равобити хориҷии раҳбарияти мухтори шимол шарқи Сурия.

Зубайдулло Зубайдзода, сфири Тоҷикистон Қувайт дар нишасти хабарии бахшида ба супурдани ин занону кӯдакон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш ҳамеша талош дошт.

https://www.facebook.com/groups/akhbori.tojikiston.va.jahon/posts/10939914445415/?cft[0]=AwWXEO60FGP_wWV1kbY8yVg0WsWHhhJxTKMSXibFJDz1R1xnF8dzwm-8O63XYdEGPZLX1tsQpGKgvw9QHQ-7v7vTwGeU9S0JB6H40Mc8Rp_QWADETCddi_zTgffcd_M_x

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button