ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Фоҷиа дар Кӯлоб: марду 4 кӯдак зери хок ҷон доданд

Талоши хонасозӣ барои харгӯш дар шаҳри Кӯлоб бо ҳалокати 5 нафар анҷомидааст, ки 4 нафарашон кӯдак буданд ва аз 6 то 12 сол син доштанд

ДУШАНБЕ, 25 июл — Панҷ нафар дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб зери хок монда, ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, фоҷиаи пурқурбонӣ 24-уми июл рух додааст. Тавзеҳ дода шудааст, ки 5 нафар хостанд хоки теппаро канда, барои харгӯшон лона созанд.

«Баногаҳ кӯҳпора болои онҳо чаппа шуд ва ҳамагӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд», — омадааст дар иттилоия.

Сокинони маҳаллӣ дастаҷамъӣ талош кардаанд, ба кумаки ҳамдеҳагонашон расанд, аммо танҳо тавонистаанд, ки 5 ҷасадро аз зери хок берун овардаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳалокшудаҳо як марди 45-сола ва боқимонда ноболиғони 12, 10, 9 ва 6-сола зикр намудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button