ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҷаҳиши нархи пиёзу пешгӯии раиси «Тоҷикматлубот»

Раёсати «Тоҷикматлубот» эълон дошт, нархи пиёз, ки ҳоло як килои он қариб 8 сомониро ташкил медиҳад, кай майли арзонӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 22 июл —  Поинравии нархи пиёз дар Тоҷикистон эҳтимол наздиктар ба зимистони соли ҷорӣ сурат гирад, пешгӯӣ кард раёсати ҷамъияти «Тоҷикматлубот».

Ба гуфтаи Ҳусайн Идиев, раиси ҷамъият, чунин пешгӯӣ дар асоси натоиҷи таҳқиқоти бозор ва арзёбии талаботи аҳолӣ ба ин маҳсулоти кишоварзӣ ва суръати истеҳсоли он ироа гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, истеъмолкунандагон феълан барои як кило пиёз ҳудуди 6-8 сомонӣ пардохт мекунанд. Дар мавриди нархи он дар оянда Идиев изҳор дошт, ки он поин меравад, аммо чанд мешавад, баён накард.

«Ҳоло гуфта наметавонам, ки мо дар моҳи сентябр бо кадом нархҳо картошка ва пиёз мехарем, аммо мутмаинам, ки нархҳо поин хоҳанд шуд», — гуфт Идиев.

Ба гуфтаи мудири «Тоҷикматлубот» дар саросари кишвар 47 анбор ва 3 макони муҷаҳҳаз бо яхдон барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дорад. Дар он асосан 2 намуди махсулоти хоҷагии қишлоқ — картошкаю пиёз, ҳар кадомаш 700—800 тоннагӣ захира карда мешавад.

«Мо аз моҳи сентябр захира мекунем ва зиёда аз 1000 тонна маҳсулоти кишоварзиро дар анбору яхдон нигоҳ дорем», — гуфт раиси «Тоҷикматлубот».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button