Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Драупади Мурму президенти нави Ҳиндустон шуд

Номзади Эътилофи миллии демократӣ ба раҳбарии Ҳизби халқии Ҳиндустон Драупади Мурму президенти нави он кишвар эълом шуд.

Мурму аз қабилаи Сантал, бузургтарин қабилаи мардуми Мунда дар иёлати шарқии Одиша буда, ба қабилаҳое тааллуқ дорад, ки таърихан табақаҳои поёнии иҷтимоӣ ҳастанд. Ваколати президенти амалкунанда Рам Натх Ковинд 24 июли имсол ба охир мерасад. Мурму 25-уми июл савганд ёд хоҳад кард.

Драупади Мурмуи 64-сола аввалин президенти Ҳиндустон хоҳад буд, ки пас аз касби истиқлол аз Бритониё дар соли 1947 таваллуд шудааст.

Президенти Ҳиндустон асосан вазифаҳои намояндагӣ ва тасдиқи муқаррароти ҳукуматро иҷро мекунад. ​

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button