Хабарҳо

ДАРГУЗАШТИ ЛАТОФАТ БАРЗИЕВА — ИҶРОКУНАНДАИ НАҚШИ ХУШДОМАНҲОИ ЗОЛИМ

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Латофат Барзиева рӯзи 19 июли соли 2022 дар синни 74 аз олам чашм пӯшид. Латофат Барзиева, ки бештар бо иҷрои нашқи хушдоманҳои золим маъруф шуда буд, солҳои зиёде дар саҳнаи театри академии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ карда, солҳои охир дар театри “Аҳорун” кор мекард. Рressa.tj аз қавли ҳамкоронаш хабар дод, марги Латофат Барзиева ногаҳонӣ будааст, зеро ҳунарпеша бемор набуд ва чанде пеш дар спектакли “Ишқ ва қурбониҳояш” ба саҳна баромада буд.

Латофат Барзиева 20 майи 1948 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадааст. Соли 1973 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм намуда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолияташро шурӯъ намуд ва бо силсилаи нақшҳои офаридааш худро ҳамчун ҳунарпешаи бомаҳорат муаррифӣ кард. Образҳои офаридааш аз рӯи хислату амал фарқ доранд, лекин умумияташон дар иҷрои самимии онҳо аз сӯи ҳунарпеша буд. Дар тарҷумаи ҳоли Латофат Барзиева дар Википедия гуфта мешавад, ки ӯ дар бисёр намоишномаҳо нақшофарӣ кард ва бо талош ва омӯзиши пурсаброна симои қаҳрамононашро пурра мекушод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button