ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Президент дар Хатлон корро нахуст зиёрати оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ оғоз кард

Президент дар ҷануби кишвар ба вазъи зиндагии мардум, кишти такрорӣ шиност мешавад. Ин дуввумин сафари ӯ давоми як моҳ ба ин минтақа аст

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ боз ба вилояти Хатлон рафт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, мавриди истифода қарор додани иншооти гуногун, мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон нахуст ба ба ноҳияи Ховалинги рафт.

Президент сафарро дар ин минтақа нахуст аз зиёрати оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро оғоз карда, баҳри пойдории ваҳдату оромӣ, рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва саодатмандию сарбаландии миллати тоҷик дуою фотиҳаи нек намудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button