ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар Тоҷикистон талоқу таваллуд зиёд ва издивоҷу марг кам шудааст

Сар аз аввали соли ҷорӣ дар кишвар шумораи издивоҷу марг кам, аммо ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо ва таваллуд афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Музаффар Ашуриён, вазири адлияии Тоҷкишвар мегӯяд, давоми шаш моҳи соли 2021 дар Тоҷикистон 30 ҳазору 266 ақди никоҳ сабт шудааст.

Ба иттилои манбаъ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7% камтар аст. Зарфи шаш моҳи соли 2021 дар кишвар 32 ҳазору 489 адад акти никоҳ сбт шуда буд.

Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вазорат мегӯяд, баръакси коҳиши издивоҷ азҳампошии оилаҳо ва таваллуд зиёд шудааст.

Гуфта мешавад, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 7265 ҳолати ҷудошавии оилаҳои ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 789 адад ва ё 12% зиёд мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button