Хабарҳо

ДАР БОХТАР ЯК МӮСАФЕДИ 72-СОЛАРО БАРОИ ҚАЛЛОБӢ ДАСТГИР КАРДААНД

ДАР БОХТАР ЯК МӮСАФЕДИ 72-СОЛАРО БАРОИ ҚАЛЛОБӢ ДАСТГИР КАРДААНД

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки кормандони милитсияи як марди 72-солаи сокини шаҳри Бохтарро бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд.

Бино ба фарзияи тафтишот, ин марди солхӯрда ҳанӯз моҳи ноябри соли 2004, бо роҳи фиреб ба боварии зани 57-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз вай 15 ҳазору 800-доллари амрикоӣ, 7 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазор рубли русӣ гирифта ваъда додааст, ки манзили истиқоматиашро, ки дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҷойгир шудааст, ба ному насаби он зан ба расмият медарорад, аммо мард пулҳои гирифтаашро ба манфиати шахсии худаш сарф карда, ваъдаи ба номи зан кардани он хонаро инак 18 сол боз иҷро накардааст.

Нисбат ба сокини 72-солаи Бохтар бар асоси моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояӣ оғоз кардаанд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба марди солхӯрда барои қаллобӣ ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 64 сомонӣ) ваё аз 8 то 12 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button