Хабарҳо

Раҳмон гуфт, кай ва аз куҷо барои анҷоми сохтмони «Роғун» пул ҷалб мешавад

Раисҷумҳури Тоҷикистон муътақид аст, дар баробари маблағҳои буҷети давлатӣ, аз оғози соли оянда сармояи хориҷӣ низ ба «Роғун» сарозер хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Масъалаи ҷалби маблағ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» то охири соли равон ниҳоӣ хоҳад шуд, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо сохтмончиёни нерӯгоҳ.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки ҳамаи корҳо вобаста ба ҷалби маблағҳо барои ба итмом расонидани сохтмон то охири соли равон дар ҳамкорӣ бо ташиклотҳои молиявии байналмилалӣ анҷом меёбанд.

«Соли 2023 маблағгузорӣ аз ҷониби шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои молиявӣ оғоз мегардад», — изҳори боварӣ кардааст ӯ.

Вай таъкид намуд, ки ҳукумати мамлакат илова ба маблағгузории ҳамасолаи сохтмони неругоҳ аз буҷети давлатӣ, инчунин, бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ кор бурда истодааст.

Дар зимн ӯ масъулини нерӯгоҳ ва мақомоти дахлдорро вазифадор кардааст, ки барои суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ, дар соли 2023 зиёд намудани шумораи ширкатҳо ва кормандон дар асоси озмун ва бо риояи талаботи байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Вай зикр намуд, ки дар маҷмуъ барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии неругоҳи барқи обии «Роғун» тайи солҳои 2008 – 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 млрд сомонӣ равона шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки дар соли равон барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ равона мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button