Хабарҳо

ҲАЛОКАТИ КӮДАКИ ШАШСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ РОҲГУЗАР ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

ҲАЛОКАТИ КӮДАКИ ШАШСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ РОҲГУЗАР ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки 12-уми июли соли 2022, тахминан соати 17:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Холов Шоҳрух Саидмирзоевич, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди хурдсол Сафаров Абдумалик Толибович, соли таваллудаш 2016, сокини ноҳияи Айниро пахш намудааст.

Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button