Хабарҳо

Гумонбарони таҷовуз ба духтари 13-солаи қирғизистонӣ айбҳоро рад карданд

Дар додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 12 июл муҳокимаи парвандаи таҷовуз ба номуси духтари 13-сола шуруъ шуд. Дар доираи ин парванда ду корманди пулис ва як шаҳрванде гумонбар мешавад, ки доғи судӣ дорад.

Тимур Султонов, вакили мудофеи ҷабрдида гуфт, дар додгоҳ се шоҳид пурсида шуд.

«Имрӯз айбдоршавандаҳо эътирофи гуноҳ накарданд. Дар ҷаласаҳои додгоҳӣ мо бори дигар мавқеи онҳоро хоҳем шунид», — гуфт вакили мудофеъ.

Расонаҳои Қирғизистон менависанд, ки айбдоршавандаҳо як духтари 13-соларо таҷовуз кардаанд. Ин ҳодиса дар ҷомеаи Қирғизистон сару садои зиёде ба бор овард. Фаъолон истеъфои вазири корҳои дохилиро талаб карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button